Боздошти як зани 36-сола бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии ёқут
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 апрели соли равон, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо як зани 36-сола дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин занро кормандони милиса дар назди мағозаи “Наргис”-и шаҳри Душанбе боздошт намудаанд: “Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад санги ғайримуқаррарии рангаш сурх мусодира карда шуд”.
ВУД мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян шудааст, ки санги мусодирашуда ба сангҳои гаронарзиши ёқут мансуб буда, вазни умумиаш 7,4 граммро ташкил медиҳад ва арзиши он 647 сомониро ташкил медиҳад: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.