Маркази миллии тестӣ: 49908 довталаб сабти ном шудаанд
Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, 49 ҳазору 908 довталабро аз шаҳру навоҳии кишвар сабти ном кардааст.
Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ имрӯз, 8 апрел ба “Озодагон” гуфт, ҳар шом омори ҳаррӯза дар мавриди сабти довталабонро қабул мекунанд: “Тибқи оморе, ки шоми дирӯз дастрас кардем, теъдоди довталабон ба 49 ҳазору 908 мерасад”.
Сабти номи довталабон дар маркази миллии тестӣ аз дуюми март оғоз шуда, то як ҳафтаи дигар идома мекунад. Сухангӯи Марказ мегӯяд, соли равон теъдоди довталабон дар қиёс ба соли сипаришуда бештар шудааст. Ӯ меафзояд, агар хоҳишмандон зиёд шаванд, Маркази миллии тестӣ муҳлати сабти номро тамдид хоҳад кард.
Ба қавли манбаъ, аз 16 то 30 апрели соли равон азнавбақайдгирии довталабоне шурӯъ мешавад, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия ё маълумоти шахсии худро доранд: “Барои ин довталаби хоҳишманд ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро ба нуқтаи бақайдгирие бояд пешниҳод намояд, ки қаблан дар он ба қайд гирифта шудааст. Довталабоне, ки дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, барои муайян кардани макони ҷойгиршавии нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ бо телефонҳои хатти мустақим (224-53-66, 224-53-67, 224-53-68) тамос бигиранд”.
Барои азнавбақайдгирӣ ва иваз кардани интихобҳои аввалия чунин ҳуҷҷатҳо зарурранд: Шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, варақаи бақайдгирии давраи асосии бақайдгирӣ, расиди пардохти маблағи иловагӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иштирок дар ИМД.
Маблағи сабти дубораи ном 18 сомониро ташкил медиҳад.