Шукурҷон Зуҳуров: Раиси КДАМ иҷозат пурсид, вазири молия не
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи парлумон аз раҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ хост, дар баррасии лоиҳаи қонуну санадҳои марбут ба соҳа, шахсан худашон иштирок кунанд.
Ӯ ба ширкат накардани раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ва вазирони умури дохиливу молия ишора карда гуфт, субҳи имрӯз раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири дохилӣ занг зада гуфтаанд, ки дар ҷаласа иштирок карда наметавонанд, аммо вазири молия бе огоҳӣ наомадааст. Оқои Зуҳуров таъкид кардааст, ки агар минбаъд ҳар роҳбаре, ки бе сабаби узрнок дар ҷаласа иштирок накунад, масъалаи пешбинишудаи марбут ба ӯ барасӣ намешавад.
Хабарнигори “Озодагон”, ки ҷараёни ҷаласаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси олиро назорат дорад, мегӯяд, дар рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала ворид шудааст: “Аз ҷумла қарор аст, лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2015”, лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон “Дар бораи интихоб намудани ҳаяти комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон”, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Эрон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният мавриди баррасии вакилони палатаи поёнии парлумон қарор мегирад”.