Ҷамъбасти озмун: Пудратчиёни иншооти муҳандисию роҳсозӣ муайян шуданд
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, озмуни худро барои интихоби пудрачиёни иҷрои корҳо ба маблағи беш аз 26,4 миллион сомонӣ дар 7 иншооти муҳандисию роҳсозӣ ҷамъбаст намудааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, мутобиқи қарорҳои марбутаи Маҳмадсаид Убайдулоев ҶДММ “Иншоот Сохтмон 2012” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Сохтмони 2-адад обпарто дар кӯчаи Лермонтов” - лоти 1, ба маблағи 241 091 сомонӣ, ҶДММ “Иншоот Сохтмон 2012” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Сохтмони обпарто, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ - зери кӯпруки роҳи оҳан” - лоти 2, ба маблағи 2 441 957 сомонӣ, ҶДММ “Ақсо” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Азнавсозии селпартои Будёний” - лоти 3, ба маблағи 2 170 307 сомонӣ ғолибони тендер эълон шуданд.
Инчунин ҶДММ “Иншоот Сохтмон” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Азнавсозӣ намудани канали Ҳазора (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи С.Айнӣ)” - лоти 4, ба маблағи 4 050 100 сомонӣ, ҶДММ “Саманд – 2010” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Таъмири асосии канали Шоҳмансур” - лоти 5, ба маблағи 2 634 900 сомонӣ, инчунин ҶСП “Заводи асфалту бетон” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Азнавсозии кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ (аз хиёбони Борбад то Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50)” ба маблағи 3 625 230 сомонӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз” барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти “Сохтмони роҳи автомобилгард, воқеъ дар шаҳраки 92 ноҳияи Сино (аз хиёбони Н.Махсум то хиёбони Б.Ғафуров)” ба маблағи 11 252 590 сомонӣ, ғолиб дониста шудаанд.
“Зимнан, Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар, вазифадор шудааст, ки мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибони тендерҳо – пудратчиёни асосии интихобгардида шартномаи пудрати сохтмониро ба имзо расонида, корҳои сохтмонии иншоотро тибқи лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда, бо таъмини назорати рафти иҷро ва сифати онҳо, иншооти сохтмонаш анҷомёфтаро дар ҳамкорӣ бо пудратчии асосӣ ба комиссияи давлатии ќабул пешниҳод кунад”,-афзуд манбаъ.