Акси хонаводагии президенти Қазоқистон чӣ гуна “тоҷикӣ” шуд? (АКС)
Як акси хонаводагии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар як филми украинӣ ҳамчун акси як муҳоҷири тоҷик муаррифӣ шудааст.
Дар яке аз лаҳзаҳои филми “Қалбҳои танҳо” (Одинокие сердца), ки соли 2013 наворбардорӣ шудааст, аксе намоиш дода мешавад, ки баъдан маълум шуда, сурати оилавии Назарбоевҳо аст. Дар филм муҳоҷири тоҷике гӯиё акси хонаводагияшонро назди духтаре мебарад, ки аз рӯи сурат фолбинӣ мекунад.
Муҳоҷир ба акс ишора карда мегӯяд: Бале, оилаи калон. Мо 11 нафарем, аммо инҷо ҳама нағунҷиданд. Ин хоҳари бузургам Фотима”. “Фотима” дар акси аслӣ Сара Назарбоева, ҳамсари раисиҷумҳури Қазоқистон аст, ки филмсозон ба он тағйирот ворид кардаанд.
“Аз ҳама хурдӣ Раҳим аст. Инаш хоҳарам Зулфия, ӯ ҳам инҷо кор мекунад”. Ин навбат қаҳрамони филм ба акси Дарига Назарбаева, духтари Назарбоев ишора мекунад.
Дар акси таҳриршудаи оилаи президент, ба ҷои Назарбоев сурати кадом як пирамард ва ба ҷои Роҳат Алиев, домоди собиқи ӯ, марди дигарро ҷой додаанд.
Баъди ошкор шудани он ки дар филми мазкур акси хонаводаи президенти Қазоқистон истифода шудааст, офарандагони сериол аз мардум ва ҳукумати Қазоқистон узр хостаанд. Онҳо гуфтаанд, ин иштибоҳ соли 2012, вақте як қисми маводи зарурӣ барои истифода дар филмбардорӣ гум шуд, аз интернет аксе ёфта ва онро таҳрир карданд. Ҳоло ваъда додаанд, ки масъулинро муҷозот хоҳанд кард. Акси асл
Акси таҳриршуда