Пешсафии тоҷикон дар Свердловск аз рӯи ақди никоҳ бо сокинони маҳаллӣ
Бештарини ақди никоҳи сокинони вилояти Свердловск бо хориҷиён ба шаҳрвандони Тоҷикистон рост меояд. Хабаргузории ТАСС бо нақл аз суханҳои Татяна Кузнетсова, сардори Раёсати вилоятии Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) менависад, аз 2256 ҳолати ақди никоҳи сокинони Свердловск бо хориҷиҳо дар соли 2014, 712 ҳолати он ба шаҳрвандони Тоҷикистон рост меояд, ки бештарин рақам мебошад: “Дар соли 2013 ин рақам ба 289 мерасид”.
Аммо манбаъ нагуфтааст, ки аз ин издивоҷҳо чӣ миқдор ба мардҳо ва чанд ҳолат ба занҳо рост меояд. Аз ҷамъияти минтақаии фарҳангии тоҷикон – “Сомон” ба ТАСС гуфтаанд, дар қаламрави Свердловск наздики 70 ҳазор зодаи Тоҷикистон ба сар мебарад, ки бештарини онҳо муҳоҷирони мавсимиянд: “Беш аз 90 дарсади онҳо ба корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва бахшҳои хизматрасонӣ машғуланд”.
Раҳбари ЗАГС гуфтааст, баъд аз тоҷикон, шаҳрвандони Озарбойҷон бо 388 ҳолати ақди никоҳ дар ҷои дуюм ва табааи Узбакистон бо 239 ҳолат дар мақоми сеюманд. Ба қавли Татяна Кузнетсова, сокинони маҳаллӣ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дур ҳам издивоҷ кардаанд: “Тибқи омор дар 20 ҳолат шаҳрвандони Олмон, дар 13 ҳолат сербҳо, дар 9 ҳолат мисриҳо ва дар ҳафт ҳолатӣ туркҳову итолиёиҳо бо сокинони вилоят ақди никоҳ бастаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар қиёс ба соли 2012 дар 12 моҳи соли сипаришуда шумори ақди никоҳи сокинони вилояти Свердловск бо хориҷиҳо ду маротиба афзоиш ёфтааст. Аммо масъули ЗАГС гуфтааст, сабабҳои афзоиши ба шавҳар баромадан ё ба занӣ гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи сокинони маҳаллиро намедонанд, чун кори онҳо танҳо сабт кардани ҳолатҳои издивоҷ асту бас.