Барканории полковник Маҳмудзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 7 апрел бо як фармон полковник Маҳмудзода Ҳалим Ҳабибуллоро аз вазифаи муовини директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар озод намуд.
Дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон танҳо фармони аз кор озод кардани оқои Маҳмудзода нашр шуда, маълум нест, ба ҷои ӯ кӣ таъин шудааст. Инчунин, ҳоло рушан нест, ки Ҳалим Маҳмудзода, ки як сол пеш муовини раиси Оҷонсӣ таъин шуд, вазифаи нав мегирад ё хайр.