Ҳалокати як нафар бар асари раъду барқ дар Суғд
Бар асари раъду барқ дар шимоли Тоҷикистон як сокинони 32-солаи шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, ин ҳодиса баъд аз зуҳри 6 апрели соли равон дар деҳаи Нофароҷи Истаравшан рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, А.Ф. - сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан дар натиҷаи зарбаи шадиди раъду барқ бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.