Суҳбати Аслов бо Майер дар бораи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Вилҳелм Майер, фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар медиҳанд, ин вохурӣ баъд аз зуҳри 6 апрел баргузор шуда, дар он натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима шудааст.
Инчунин дар бораи сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об табодули афкор сурат гирифт. Дар охири Сироҷиддин Аслов ба фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси оид ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе дар назар мебошад, маълумот додааст.