Барои татбиқи ташаббуси «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ дар минтақаҳо» дар доираи лоиҳаи барномаи «Қадам ба қадам» моҳи сентябри соли 2011 намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти «Бунёди рушди кӯдак»-и Лаҳистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Маълумот аз «Озодагон»: Марказҳои ҷамъиятӣ-муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд.
Бояд зикр кард, ки дар мамлакат танҳо 7 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксаран дар деҳот кӯдакони синни томактабӣ аз ин муассисаҳо дар канор мондаанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, барномаи «Қадам ба қадам»-и ИҶК-БМ дар Тоҷикистон аз соли 2003 лоиҳаи «Омода кардани кӯдаконро ба мактаб тавассути волидон» дар объектҳои озмоишии барнома роҳандозӣ мекунад.