Таҳдиди 20 соли зиндон ба Шариф Абдуллоев
Додситонии вилояти Челябински Русия алайҳи Шариф Абдуллоев, шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, Абдуллоев дар қочоқи ҳероин ва ҳамдастӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешавад.
Ба иттилои масъулини Додситонии Челябинск, гӯиё ҳангоми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон охирҳои моҳи январи соли равон, аз ӯ 969 грам маводи тозаи ҳероин ёфт шудааст: “Абдуллоев қасди партофтани пакети селофанӣ ва ғайб задан аз чашми маъмурини пулисро дошт, аммо имкон наёфт”.
Масъулини Додситонии вилояти Челбинск мегӯянд, қонунгузории Русия барои ин навъи ҷиноят аз 10 то 20 соли зиндон пешбинӣ кардааст.