Муҳаммад Эгамзод: 22 шаҳрванди Тоҷикистони муқими Яман дар роҳ ба сӯи Маскаванд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ин кишвар шоми имрӯз, 6 апрел 22 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз марзи кишвари арабии Яман берун кардааст.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, қарор аст, тайёра соати 22:15 дар фурудгоҳи ҳарбии канори Маскав ба замин биншинад: “Шаҳрвандони Тоҷикистон субҳи сешанбеи 7 апрел тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба Ватан мунтақил хоҳанд шуд”.
Хабари хоки Яманро тарк намудани 22 шаҳрванди Тоҷикистонро Ардашер Кодирӣ, сафири Душанбе дар Қатар низ таъйид кардааст. Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, ба иттилои онҳо чор 4 тан аз ин шаҳрвандони ҷумҳурии моро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ӯ меафзояд, масъулини Ситоди назди Сафорат, ки аз ҳисоби дипломатҳо ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират таъсис ёфтааст, дар фурудгоҳ барои истиқболи шаҳрвандони кишвар қарор дошта, баробари расидан асноди онҳоро таҳия намуда ба фурудгоҳи Домодедово мебаранд: “Аъзои Ситод ҳамаи асноди лозимии консулиро бо худ доранд, то ки дар ҳолати зарурат дар худи он ҷо шаҳрвандонро ҳуҷҷатгузорӣ кунанд”.
Аз ин пеш, чоруми апрел бо тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули наздик ба 20 тифл аз Санъо, пойтахти Яман берун шуданд. Аввалин гуруҳи панҷнафараи ҳамватанони мо, ки тавассути Русия ба Душанбе омаданд, шоми 3 апрел ба пойтахт расиданд.