Даъвати мақомоти Эрон аз Сироҷиддин Аслов
Мақомоти Эрон аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон даъват кардаанд, дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон иштирок кунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии кишвар бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Дар ин вохурӣ Фағонӣ даъватномаи расмии Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эронро ба ҳамтои тоҷикаш- Сироҷидин Аслов барои иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад, супоридааст.
Инчунин дар дидори Зоҳидӣ бо Фағонӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон муҳокима шудаанд.