Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд, ки лавозимоти тиббии аз он кишвар атошударо бо ҳавопаймои Боинг 737-900ER интиқол бидиҳанд.
Ин тайёраро ахиран Сомон Эйр харидорӣ намудааст. Сомон Эйр ба сафорати ИМА имкон додааст, ки ҳангоми парвоз аз иёлоти муттаҳида ба Душанбе ёрии башардӯстонаро ба Тоҷикистон бепул интиқол бидиҳад. Ин доруворӣ байни беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои Тоҷикистон ройгон тақсим мешавад. Аллакай Сомон Эйр лавозимоти тиббиро бо арзиши 172077 доллари амрикоӣ ба Душанбе овард. Гуфта мешавад, кӯмаки башардӯстона аз 1300 кг докаи захмбандӣ, катетер, пластери захмбандӣ ва сарнуги инсулин иборат аст. Дар навбати аввал қарор аст, ин маводи лозимии тиббиро беморхонаҳои марказии ноҳиявии Хатлон, Рашт ва ВМКБ бигиранд. Лавозимот ва доруворӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии дорусозии Амрико ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон тақдим шудаанд.