Лидерони ҷавон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дар лагере ҷамъ шуданд, ки идораи муштараки варзишии департаменти давлатии ИМА ва сафорати ИМА маблағгузорӣ кардаанд.
Баҳори соли гузашта сафорати ИМА ба воситаи шарики тадбиқкунандаи барнома- "Шӯроҳои амрикоӣ" ҳашт тренери варзиши ҷавонони тоҷикро ба ИМА фиристод, то дар машғулиятҳо, сафар ба ташкилотҳо, семинарҳо ва фаъолиятҳои дигари тренерон ва лидерон иштирок кунанд. Тренерон бо барномаҳои варзишии ИМА, ки варзиш, машғулиятҳо ва варзишгарони ҷавонро ба хотири беҳдошти саломатӣ ва инкишофи малакаҳои шахсӣ мепайвандад, шинос шуданд. Онҳо, ҳамчунин роҳҳои самараноки истифодаи варзишро дар ҳал намудани масоили шахсӣ ва иҷтимоии ҷавонон омӯхтанд. Баъд аз бозгашт тренерон дар шаҳри Хуҷанд дар семинари 10-рӯза бо гурӯҳи 30-нафараи тренерон ва лидерони ҷавон табодули таҷриба карданд. Баъд аз семинар онҳо силсилаи лагерҳои рӯзонаро дар чор минтақаи Тоҷикистон барои фаъолони ҷавон бахшида ба ҷалбкунии гурӯҳи ҷавонони аз фаъолияти варзишӣ дар канормонда доир намуданд. Лагерҳо 180 иштирокчии ҷавони 12-14-соларо аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирди ҳам овард. Ҷавонон ба воситаи машғулият бо варзиш, омӯзиши малакаҳои лидерӣ, ҳалли муноқишаҳо ва таҷрибаи ҳаётӣ ҳавасманд гардиданд.