Садама дар Челябинск ҷони ду тоҷикро гирифт
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Челябински Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ин ҳодиса охири ҳафтаи гузашта дар пайи бархурди “Mercedes-Benz” бо автомошинаи “ВАЗ-2107” рух додааст.
Пулиси Челябинск мегӯяд, ронандаи “Mercedes-Benz” , ки як сокини 29-солаи маҳаллӣ мебошад, дар 107 километрии шоҳроҳи “Подъезд к Екатеринбургу” аз уҳдаи ҳаракати нақлиёт набаромада, ба мошини “ВАЗ-2107” бармехурад. Дар натиҷа ду мусофири сабукрави дуюм - шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи бардоштани захмҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳанд: “Ронандаи “ВАЗ-2107” ва як мусофири дигари 31-солаи он, ки низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар беморхона қарор доранд”.
Бино ба иттилои мақомоти пулиси Челябинск, муҳоҷирони фавтидаи тоҷик яке 28 ва дигарӣ 41 сол доштаанд. Вале дар бораи ному насаби онҳо чизе гуфта нашудааст.