Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Яман
Мақомоти пулиси Яман аз боздошти 35 шаҳрванди хориҷӣ, бо шумули як тоҷик дар шаҳри Санъо - пойтахти ин кишвар хабар додаанд.
Ба иттилои хабаргузории “ТаҳрирНюз”, ин 35 нафар дар ифротгароӣ ва будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Яман муттаҳам мешаванд.
Пулиси Яман гуфтааст, ҳарчанд ин афрод бо худ ҳуҷҷати шиносоӣ надоранд, вале дар пайи бозпурсӣ маълум шуд, миёни онҳо 25 нафар аз Эфиопия, 1 нафарӣ аз Фаронса, Русия, Бритониё, Шри-Ланка, Сомалӣ, Қазоқистону Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Танзания мебошанд.