АКС: “Истиқлол” бори панҷум Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Cуперҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2015 рақибаш – “Хайр”-и Ваҳдатро шикаст дод.
Ин бозӣ, ки рӯзи гузашта (5 апрел) дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Бозигарони “Истиқлол” дар пайи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 дастболо шуданд.
Муаллифи голҳо дар вақти асосии бозӣ Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 40), Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 44) (Истиқлол) ва Меҳроҷиддин Музаффаров (дақиқаҳои 69 ва 87) буданд.
Дар пайи анҷоми ин қувваозмоӣ расми тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин сӯ тақдим мешавад ва дар панҷ маврид, солҳои 2010, 2011, 2012, 2014 ва 2015 онро “Истиқлол” ба худ ихтисос додааст. Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб ин ҷоизаро бо худ бурд.