АКС: Кӯмак кунед, то Омина ҳам садои модарашро шунавад
Аминҷон Талбиев, як сокинони шаҳри Душанбе барои табобати тифли 4-солааш, ки модарзод гунгу ношунаво ба дунё омадааст, аз ҳамватанон ва нафарони саховатманд кӯмак мехоҳад.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ин тифлаки онҳо модарзод маъюб аст, вале табибон гуфтаанд, имкон дорад, ки бо анҷом додани як ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон духтари онҳо садои шафқати модару падари хешро шунавад. Ҳоло ба гуфтаи Талбиев, барои гузаронидани ин ҷарроҳӣ, ки дар дармонгоҳи “Шифо”-и шаҳри Душанбе тавассути пизишкони Санкт-Петербург имкон дорад, дар умум бо дарсҳои сурдопедагогӣ 26 ҳазору 800 доллари амрикоӣ лозим аст.
Пизишкон ваъда додаанд, бо ҷамъоварӣ шудани ин маблағ онҳо бо кафолати комил ҷарроҳиро анҷом хоҳанд дод ва Омина ҳатман аз ин ранҷ раҳо хоҳад ёфт. Вале ба гуфтаи онҳо, ин ҷарроҳӣ бояд то ба синни 5-солагӣ қадам мондани Омина гузаронида шавад ва ҳоло ба қавли волидайнаш ӯ 4 солу 6 моҳ дорад.
Ин кӯмакхоҳии волидайни Омина дар ҳолест, ки табибон гуфтаанд, агар ин тифд то синни 7-солагӣ хондану гапзадан ва шунида натавонад, қобилияти ақлонии ӯ коҳиш хоҳад ёфт.
“Чи тавре мегӯянд, ноумед шайтон аст, банда ҳанӯз бовариамро дар мавриди вуҷуд доштани шахсиятҳои саховатманду ҳамеша дастёри афроди маъюби ба мисли Оминаи 4-солаи ман аз даст надодаам. Албатта, талаби кумак дар ин вазъият ва барои марде кори он қадар хуб нест, вале дидани вазъи фарзанд, ки наметавонад, номи падар ё модар ва ё чизи дилхоҳашро бигӯяду садои навозишу муҳаббати волидайни худро шунавад, аз ин бадтар аст”,- афзуд Талбиев.
Телефон барои тамос:
Талбиев Амин, падари духтар: (+992) 918 95 26 20
Ҳисобҳо барои расондани кумак:
Яндекс кошелек: 410012531120036
QIWI-кошелек: +992918 95 26 20
WEBMONEY
бо рубли русӣ: R249357692989
бо доллар: Z482236104715
бо гривнаи Украина: U230606694367
бо евро: E226857620588
Бонк:
ОАО АГРОИНВЕСТБАНК
Нишонӣ: Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 734018, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21
Суратҳисоб (Корр. Счет): 20218840924110049746
ИНН: 040000053
Ҳисоб (Р/с): 30111-810-3-0000-0000-395
Гиранда (Получатель): Талбиев Аминджон Хасанович
Beneficiary Bank: OJSC «AGROINVESTBANK»
Dushanbe, 21, SHEROZI AVENUE, TAJIKISTAN
SWIFT: AGIBTJ22
DETAILS OF PAYMENT: Pay to account 20218840924110049746 (USD)
Beneficiary: TALBIEV AMINDHON