Ду медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Копенҳаген
Абдулло Неъматов, тоҷикписаре, ки бо волидонаш дар шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад, ду медали нуқраи мусобиқаи гуштии “Copenhagen judo open”-ро ба гардан овехт.
Ин сабқат дар Копенҳагени Донморк (Дания) баргузор шуда, Абдулло Неъматов дар вазни 60 кило миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1998-2000 мақоми дувумро касб намуд. Инчунин Неъматов имрӯз 4 апрел миёни ҳамсолони худ (2001) боз як медали нуқраи дигар ба даст овард.
Муҳаммадрозиқ Неъматов, падари Абдулло Неъматов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Абдулло ба ҷуз ин дастовард ҳамчунин дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Арабаистони Саудӣ, Ҷопон ва Олмон мақомҳои ифтихориро ба даст овардааст. “Абдулло ҳоло муҳассили мактаби миёна мебошад ва ба чандин мусобиқоти дигари байналмилалӣ омодагӣ мегирад”,-изҳор дошт ҷаноби Неъматов.