Рамазон Раҳимзода дар Хатлон: Аз хоҳиши наврасон то дастурхон барои собиқадорон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар асоси супориши раисҷумҳури кишвар субҳи имрӯз 3 апрел барои шунидани арзу шикоятҳои мардум ба вилояти Хатлон сафар кард, 100 нафар аз сокинони шаҳру навоҳии ин минтақаро ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, қабули шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сӯи Раҳимзода дар бинои Раёсати умури дохилии вилоят дар шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, то соати 12:00 вазири умури дохилии Тоҷикистон 60 нафар аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро барои баррасӣ ва шунидани арзу шикояташон ба ҳузур пазируфта, бисёре аз онҳо аз фаъолияти маъмурини пулис дар ҷануби кишвар ибрози қаноатмандӣ кардаанд. Инчунин генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бархе аз наврасони вилояти Хатлонро низ барои суҳбат қабул кардааст. Онҳо аз вазири умури дохилии Тоҷикистон хостаанд, барои идомаи таҳсил дар Академияи вазорат ё Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб кумак кунад.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар доираи ин сафараш ба вилояти Хатлон бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят ҳам вохӯрдааст. Раҳимзода аз хидматҳои онҳо барои Ватану давлат ва миллати худ қадрдонӣ карда, бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ ва дар ошхонаи “Нилуфар”-и маркази вилояти Хатлон дастархон оростааст.
Аз ин пеш, Рамазон Раҳимзода чунин суҳбат ва мулоқотеро бо сокинони вилояти Суғд рӯзи 18 марти соли равон анҷом дода буд.
Суҳбатхои рӯбарӯи вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба ӯ дастур дод, барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои кормандони ниҳоди таҳти раҳбарияш бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар суҳбатҳои рӯбарӯ анҷом диҳад.