Гуфта мешавад, аксияи эътирозӣ аз ҷониби ҳаракатҳои мухолифини ҳукуматӣ, ки ба «Кумитаи панҷ дархост» (Комитет пяти требований) шомил будаанд, ташкил ёфтааст. Дар он мухолифини аршади ҳукумати феълӣ Иля Яшин аз ҳаракати «Солидарност», Константин Косякин аз «Ҷабҳаи чап» (Левий фронт), Сергей Аксенов аз «Русияи дигар» (Другая Россия) ва дигар мухолифин ширкат ва суханронӣ кардаанд.
Эътирозгарон бо ҳар роҳу восита ишора ба он менамуданд, ки омадани Путин ба сари қудрат ба «ҳалокати Русия» баробар аст ва гузашта аз ин, он ба сар задани исён дар гӯшаҳои мамлакат оварда мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, ВАО-и ин кишвар аксияи эътирозӣ алайҳи Путинро дар майдони Пушкин яке аз амалҳои мухолифин унвон кардаанд.{jathumbnail off}