Баҳси марз дар мулоқоти Аслов ва Абдилдаев
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш - Эрлан Абдилдаев масоили марзӣ ва назди сарҳадии ду кишварро баррасӣ кардааст.
Ба итттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 3 апрел дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор шудааст.
Дар ин вохурӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия низ баррасӣ шудааст.
Инчунин вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои минтақавию байналмилалиро муҳокима кардаанд.