Панҷ шаҳрванди интиқолшуда аз Яман дар роҳ ба Душанбеянд
Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ахиран бо тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав интиқол ёфтанд, имрӯз, 2 апрел аз фурудгоҳи Домодедови ин кишвар ба самти Душанбе парвоз кардаанд.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, миёни ин афрод як кӯдак низ ҳаст. Ба қавли ҷаноби Эгамзод, намояндагии ширкатҳои ҳавоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” низ дастур гирифтаанд, дар гусели ҳамватанони аз Яман ба Маскав расида то Душанбе мувофиқа кунанд: “То ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар аз шаҳрвандони баргашта ба Душанбе мераванд, зеро баъзеҳо шиносномаи русӣ ҳам доранд ва аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Яман рафтаанд. Миёни афроди баргашта як зани тоҷик низ ҳаст, ки мунтазири шавҳари яманияш мебошад ва интизор меравад, онҳо ҳамроҳ ба Туркия раванд”.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол як корманди сафорати Тоҷикистон дар маркази зиддибӯҳронии Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад ва ба таҳияи асноди шаҳрвандон машғул аст. “Мо бо пайвандони тоҷикони муқими Яман ҳам пайваста дар тамосем. Аз онҳо ҳам нома мегирем. Ана, ҳамин лаҳза аз номи волидони хонуме бо номи Маҳваш нома гирифтем, ки аз сафорат барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос карда, хостори фаҳмидани сарнавишти фарзанду набераашон шудаанд. Маҳваш ҳамроҳи духтарчааш имрӯз тавассути хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан фиристода шуд”,-афзуд ӯ.