Сел дар Восеъ 3 ҳавзи моҳидориро хароб кардааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз харобкориҳои боронҳои пай дар пайи рӯзҳои ахир хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои як ва дуюми апрел дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 20 гектар замини ғалладона ва 3 ҳавзи моҳидорӣ хароб гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, дуюми апрел, соати 03:15 дар натиҷаи боришоти зиёд дар деҳаи Туғайи ҷамоати деҳоти Мирали Маҳмадалии ин ноҳия сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд гардида, соҳилро вайрон намудааст.
Сарчашмаи хабар афзуд, Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Восеъ бо ҷалби намояндагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар наздиктӣарин фурсат ҳаҷми хисоротро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои шоҳидон боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар бархе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Фархор низ заминҳои киштро хароб кардааст.