Бемории раиси мурофиаҳои З. Саидов ва таъини додраси нав
Додгоҳи олии Тоҷикистон cабаби таъхири мурофаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро ба иваз шудани додраси раисикунандаи мурофиа рабт дод.
Тавре аз ин ниҳод ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Алпомиш Акбаров, додраси парвандаи Зайд Саидов ба беморӣ гирифтор шудааст ва ба ҷои ӯ додрас -- Мирзо Каримов минбаъд мурофиаҳои Саидовро пеш мебарад. Манбаъ гуфт, баъди иваз шудани додрас мурофиаҳои Зайд Саидов, ки ба таъхир гузошта шудаанд, рӯзҳои наздик идома хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва иваз шудани намояндагони Додситонии кулл дар мурофиаи Саидов баррасии парванда то 3 март мавқуф гузошта шуд. Аммо баъди 3 март низ дубора мурофиаҳои ин соҳибкори зиндонӣ ба таъхир уфтод. Манобеи “Озодагон” ин ҳолатро ба ивазшавии додрас ва шикояти як шаҳрванди ветнамӣ аз Зайд Саидов гуфтанд.
Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов дар доираи парвандаҳои иқтисодияш аввалҳои моҳи феврали соли равон дар СИЗО оғоз гардида буд. Қабл аз ин Зайд Саидов бо ирсоли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон бо далели набудани сири махфӣ дар парвандаҳои иқтисодияш хост мурофияҳои ӯ дар бинои Суди олӣ бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад, ки дархосташ аз ҷониби дораси парванда рад карда шуд.
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд.
Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст. Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.