Барканории муовини вазир ба хотири як назараш дар Фейсбук
Симин Ҳасанзода, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон ба хотири як назараш дар Фейсбук ба ҷонибдорӣ аз қатли Фархунда аз симмати худ барканор шудааст.
Мусаддиқ Халилӣ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, хонум Ҳасанзода бо дастури раисҷумҳури кишвар ба истеъфо фиристода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, назари Симин Ҳасанзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки дар он зоҳиран ҷонибдорӣ аз кушта шудани Фархунда, як духтари афғон шудааст, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон баррасӣ гардида, дар пайи он Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури ин кишвар фармони барканории ин хонум аз симматашро содир кард.
Хонум Ҳасанзода дар рӯзи кушта шудани Фархунда зери як навишта дар Фейсбук бо ҳимоят аз қатли ин духтари ҷавон навишта буд: “Ҳеч нерӯе дар баробари имони росихи мардумамон тоби муқовимат надорад. Бо ҷону дил аз боварҳои диниамон посдорӣ хоҳем кард.”
Фархунда, номи як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 20 март аз ҷониби тӯдаи мардон ба иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон кушта шуд. Ҷомеаи мадании Афғонистон ба ин амал вокуниши тунд нишон доданд ва тайи чанд ҳафтаи ахир дар тамоми вилоятҳои ин кишвар роҳпаймоиҳо идома дорад.