Мулло Абдураҳим Э.Раҳмонро “раҳмати Худо” ва ҲНИТ-ро ифротгаро хонд
Раҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, собиқ қумандони мухолифин, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф аст, имрӯз, 2-юми апрел зимни баромадаш дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ» дар шаҳри Душанбе, пешниҳод кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баста шавад.
Мулло Абдураҳим, ки дар семинари ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, дар мавзӯӣ ҳамкории мақомоту ҷавонон алайҳи мухолифин баромад мекард, ҲНИТ-ро дар бисёре бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон муттаҳам карда, ҳамчун созмони ифротгаро хостори қатъи фаъолияти он шуд. Ӯ илова кард, ки мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд: “Агар рӯзҳои мудҳиши соли 1992-ро ба ёд орем, маҳз аз нофаҳмӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ хуни мардуми бегуноҳ рехта шудаву бештари мардум беватан гаштанд”.
Раҳим Каримов ҳангоми суханронӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вохӯрӣ бо марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуда, гуфт: «Ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба кишвари Афғонистон сафар кард, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт «Раҳмонов ҳоло вақти омадани Шумо набуд, чунки дар Афғонистон ҷанг рафта истодааст». Дар ҷавоб Сарвари Давлат чунин посух дод, ки «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар шаҳди ғарибӣ чашад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ҷавоби Сарвари Давлат мутаассир гашта гуфт: «Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!».
Мавлавӣ Абдураҳим инчунин аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро интиқод намуда, гуфт, «он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст». Ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».