«Аз рўи нишондоди варақаҳои нархӣ дар моҳи август хароҷоти «Tctll» барои реклама 365 ҳазору 315 доллар, хароҷоти «Мегафон Тоҷикистон» - 334 ҳазору 271 доллар аз «Beeline» 218 ҳазору 421 доллар, аз «TK-Mobile» - 18 ҳазору 986 ва хароҷоти Babilon – mobile» 26 ҳазору 671 долларро ташкил додааст».
Ба гуфтаи манбаъ ширкатҳои мобилӣ моҳи гузашта барои таблиғот тавассути газета 23 ҳазору 563 доллар, тавассути маҷалла 12 ҳазору 136 доллар, тавассути радио 26 ҳазору 59 доллар, тавассути телевизион 18 ҳазору 754 доллар ва барои рекламаи берунӣ 884 ҳазор 806 доллар харҷ намудаанд.
Моҳи гузашта дар пайи алоқаи мобилӣ, бахшҳои маҳсулоти истеъмолӣ, тибб, таҷҳизот барои хона ва фаъолияти молиявӣ ба қатори пешсафони бозори реклама дохил шудаанд. Дар маҷмўъ, масъулини маркази «Зеркало» ҳаҷми бозори рекламаи Тоҷикистонро дар моҳи август 2 миллион 943 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд.{jathumbnail off}