Раҳимзода: Ҷангиёни тоҷик наметавонанд аз Сурия раҳо шаванд
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми апрел зимни семинар дар мавзӯи ҳамкории ҷавонону мақомот алайҳи ифротгароӣ изҳор дошт, ки бисёре аз тоҷиконе, ки дар Сурия меҷанганд, наметавонанд аз дасти хоҷагонашон раҳо ёбанд.
Генерал Раҳимзода, бо таассуф гуфт, вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, бо баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан, рузгори осудаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва дар хорию зорӣ, алайҳи дигарон меҷанганд: “Айни замон дар давлати Сурия беш аз 200-нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок менамоянд. Теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд”.
Генерал Раҳимзода терроризм ва экстремизмро хатари даҳшатовар хонда, куштори ахири Фархундаро дар Афғонистон мисол оварда, афзуд ин хеле нанговар аст: “Ташвишовар ва нигаронкунанда он ст, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик низ дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд”.
Вазири умури дохилӣ илова кард, ки гарчанде фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар Тоҷикистон тибқи қонун манъ шуда бошад ҳам, ҷои таасуф аст, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ менамоянд: “Даъват ба ҷиҳод алайҳи ҳамдигар, миёни мардуми як қавм ва як дину оин ба ҷуз манфиатҷӯӣ, хусумату ихтилофҳои мазҳабӣ дигар чизе беш нест. Ин ҷавонон, ҳамон гурӯҳҳои раҳгумзадае мебошанд, ки барои иҷрои фармони хоҷагони хориҷии худ худро қурбон месозанд”.
Вазир бо такя ба таҳлилҳои ниҳоди зертобеяш гуфт, бештари ҳолатҳои пайвастшавӣ бо созмонҳои ғайриқонунӣ аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ҷой дорад: “Агар дар соли 2012, дар миқёси ҷумҳурӣ 33 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, дар солҳои 2013-2014 ва 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷиноятҳои раванди террористӣ ва экстремистӣ дошта муайян ва боздошт гардиданд. Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015, 144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст”.
Вазири умури дохилӣ аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ин амалу кирдорҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ дар мубориза бошанд ва нагузоранд, ки душманони давлату миллат бо амалу корҳои зишт ва ғайриинсонӣ вазъро ноором ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд.