Нигина Амонқуллова дар Кувайт фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ мекунад
Имрӯз, 2-юми апрел дар Кувайт рӯзи фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар пойтахти ин кишвар Алкувайт, бахшида ба 20 солагии равобити дипломатии ду кишвар ва ҷашни Наврӯз Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик ва гуруҳи рақсии “Базморо” ҳунарнамоӣ кунанд.
Кувайт яке аз аввалин кишварҳои арабӣ мебошад, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохтаст ва аз 31-уми марти 1995 равобити дипломатии байни ду кишвар оғоз гардидаанд.