Даргузашти муҳоҷири 20-солаи тоҷик пас аз чаҳор рӯзи гуруснагӣ
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки интизори судури ҳукми додгоҳ ҷиҳати депорташ аз қаламрави Русия буд, бо иллати гуруснагӣ ҷон додааст.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ба “Озодагон” гуфт, Саидов Абдуҳомид Нуралиевич, зодаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, ки тайи чор шабонарӯзи ахир дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шербинкаи Маскав нигаҳдорӣ мешуд, рӯзи гузашта ба ҳалокат расидааст: “Абдуҳомид ба манзили як рафиқаш ба ин ноҳия меҳмонӣ меравад ва аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳ бо чанд тоҷики дигар боздошт мегардад”.
Оқои Амон мегӯяд, онҳо чор шабонарӯзро дар шӯъбаи умури дохилӣ ба гуруснагӣ сипарӣ кардаанд: “Чор рӯз ҳатто ба онҳо об ҳам надоданд”.
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, Абдуҳомиди 20-сола ба ҳангоми интиқол ба Додгоҳи ноҳияи мазкур барои судури ҳукми ихроҷаш аз қаламрави Русия даргузаштааст.