Оғози мурофиаи додгоҳии Амонбоева дар Бишкек
Додгоҳи олии Қирғизистон аз баррасии дубораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Урмат Амонбоева собиқ вакили парлумони Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, фардо 3-уми апрел соати 10 дар додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек бозбинии дубораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ вакили парлумони Қирғизистон Урмат Амонбоева оғоз хоҳад шуд. Манбаъ афзуд, алайҳи собиқ вакили парлумони Қирғизистон Урмат Амонбоева парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи фасодкории Кодекси ҷиноии ин кишвар оғоз шудааст: “Ӯ ба буҷаи давлат 17 миллиону 263 ҳазор суми қирғизӣ зарар расондааст”.
Комиссияи марказии интихобот 14-уми январ вакилии Урмат Амонбоеваро пеш аз муҳлат қатъ намуд.