Бозтоби муборизаи мақомоти тоҷик алайҳи ҳиҷоб дар Ғарб
Расонаҳои ғарбӣ, аз қабили “Вашингтон Пост”-у “Евразия.нет” бо нашри матолиб дар мавриди иқдоми мақомоти тоҷик алайҳи ҳиҷоб изҳор доштаанд, ки мақомдорони тоҷик ба муаррифии сатр ҳамчун либоси фоҳишаҳо пардохтаанд.
Ба навиштаи расонаҳои Ғарб дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сатру либосҳои сиёҳи бархе аз занони тоҷик, ки гӯиё моли бегона асту занони тоҷик тақлидкорӣ мекунанд, дар кишвар маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи ҳиҷоб, фишор болои савдогарони либосҳои исломӣ оғоз шудааст. ВАО-и Ғарб инчунин аз қавли телевизионҳои давлатии Тоҷикистон овардаанд, ки фоҳишаҳо барои баланд бардоштани нархи хидматрасониҳояшон ҳиҷоб мепӯшанд.
“Вашингтон Пост” афзудааст, ки фоҳишагӣ дар Тоҷикистон гарчанде мамнӯъ аст, аммо даромади кам ин кишварро ба унвони як ҷой барои алоқаи ҷинсӣ ба шуҳрат расондааст ва махсусан шаҳрвандони Афғонистон барои истифода аз хидмати танфурӯшҳо ба Тоҷикистон меоянд.
Дар идома ин нашрия ҷаҳониёнро аз маҳдудсозии ҳуқуқи диндорон дар Тоҷикистон огоҳ карда, аз ҷумла навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар пасманзари майли рӯзафзуни мардум ба Ислом, ба масҷид рафтани ҷавонони зери синни 18 ва сатрпӯширо дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ карда, мардони ришдорро мавриди саркӯб қарор додааст.