Латифи Пидром: Ҳимоят аз Саудӣ иштибоҳи таърихӣ аст
Латифи Пидром, раиси Шӯрои ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон, аз мавзеъгирии ҳукумати кишвараш дар ҳимоят аз Арабистони Саудӣ интиқод кардааст.
Ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, “давлати Саудӣ ва давлатҳои муртаҷеи Араб бо ҳимояти Амрико, Инглис ва Фаронса таҳти раҳбарии Саудӣ бар Яман ҳамла карданд. Яман ба Саудӣ ҳамла накардааст. Яман ҳам як кишвари исломӣ аст”.
Оқои Пидром дар идома ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистонро “ҳукумати хиёнати миллӣ” унвон карда, мавзеъгирии онро “дар дифоъ аз сиёсати Амрико, Инглис ва Фаронсаву Саудӣ дар таҷовуз ба хоки Яман як иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва таърихӣ” шумурдааст.
Ахиран, ҳукумти Афғонистон бо пахши як эъломия гуфт, “давлат ва мардуми Афғонистон ба Арабистони Саудӣ равобити таърихӣ ва динии амиқ дошта ва дифоъ аз сарзамини муқаддаси ҳарамайни шарифайнро дини ҳар мусулмон медонад”.