Тағйироти кадрӣ: Мансабҳои нави Мансуров, Холматов, Қурбонов...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо судури як қарор Мансуров Ҷамшед Мақсудовичро сардори Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр” таъин намуд.
Оқои Мансуров дар ин мақом Холматов Низомуддин Усмоновичро иваз намуд, ки бо як қарори дигари шаҳрдор директори Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардид. “Инчунин, Буриев Фозил Сайдалиевич - мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва Қурбонов Нуриддин Буриевич - директори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабрии роҳҳои ноҳияи Сино таъин гардиданаш, аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд”, -гуфт дар суҳбат ба “Озодагон” Шавкат Саидов, сухангӯи раиси пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, Мамадназар Мамадорифов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе” озод ва ба ин симмат Алиев Абдулхайр Абдулҳаевич таъин шудааст.