“Шаҳри ман” радиои нав дар Хуҷанд
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, як радиои хусусии бо номи “Шаҳри ман” ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин радио рӯи мавҷи 97.7 FM давоми 24 соат пахш хоҳад шуд: “Радиои мазкурро гуруҳи соҳибкорон ифтитоҳ менамоянд ва дар назар, ки қабл аз зуҳри имрӯз, 2 апрел маросими расмии ифтитоҳи он бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сурат бигирад”.
Феълан дар шаҳри Хуҷанд радиоҳои “Тироз”, “Тирози ҷавонӣ”, “Садои Хуҷанд”, “Пайванд” фаъолият мебаранд ва “Шаҳри ман” панҷумин радиои мустақил дар маркази маъмурии Суғд ба ҳисоб меравад.