АКС: Даъвати Э.Раҳмон алайҳи ДИИШ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрӣ масоили вобаста ба иҷрои қарорҳои ҳамоишҳои қаблии сатҳи олӣ, ба мувофиқа расондани қарорҳои нав, ки дар ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳо бояд қабул шаванд ва афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баррасӣ шуд.
Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “кишварҳои аъзои СААД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СААД дар роҳи муборизаи муштарак бо таҳдидҳои афзояндаи ин хатарҳо ва нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа муассиру судбахш хоҳад буд.
Имсол раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро Тоҷикистон бар душ дорад ва ҳамоишҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии мақомоти кишвари мо ҷараён мегиранд.