Барканории айбдоркунандаи З.Саид ва мансабҳои нави Каримову Манучеҳри Маҳкам
Манучеҳри Маҳкам аз вазифаи сардори раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барканор шуда, дар Додситонии кулли кишвар мансаби нав гирифтааст.
Манучеҳри Маҳкам, ки писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, сардори Раёсати равобити байналмилалии Додситонии кул таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Абдусамеъ Дадобоевро иваз кард, ки дуюмӣ дар павандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ баромад карда буд. Додобоев дар суҳбат бо "Озодагон" хабари барканорияшро таъйид карда, афзуд, ки феълан ба кор дар як раёсати дигари Додситонии кулли Тоҷикистон таъин шудааст.
Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо “Озодагон” тағйироти кадриро таъйид карда, афзуданд, ки раҳбари нави раёсати консулии Тоҷикистон Ҷамшед Каримов таъйин шудааст.
Қаблан раҳбарии раёсати консулии Тоҷикистонро Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт.