Боздошти се мансабдори тоҷик барои ҳамкорӣ бо “нашъаҷаллобон”
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти се мансабдор дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар сӯиистифода аз мансаб ва ҳамдастӣ дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ ин се мансабдори давлатӣ бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат менамуданд. Манбаъ мегӯяд, ҳамдастии мансабдорон дар қочоқи маводи мухаддир баъди он ифшо гардид, ки моҳи августи соли 2014 дар фурудгоҳи “Емеляново”-и шаҳри Красноярск аз шаҳрванди Тоҷикистон 3 кило героин дарёфт ва мусодира шуд: “Барои ифшо кардани дастандаркорони дигар аз ҷониби Додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи моддаи 322 қ.1 КҶ ҶТ (“Хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки се мансабдор дар Душанбе бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар ба шаҳри Красноярск мусоидат менамудаанд”.
Манбаъ афзуд, ки ҳоло алайҳи боздоштшудагон аз тарафи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бар асоси моддаи 289 қ. 2 “(“Қочоқ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дафтари матбуоти агентӣ аз овардани ному насаб ва мансаби афроди боздоштшуда худдорӣ карда, онро ба номаи охири Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди муттаҳам арзёбӣ кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30 марти соли равон бо ирсоли як нома ба унвони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ хостааст, то замони тасдиқи гуноҳи айбдоршавандаҳо аз тарафи додгоҳ, ному насаби онҳоро ошкор накунанд. Дар ин номаи далели ин иқдом, дар нигоҳ доштани обрӯ ва шаъну шарафи баъзе аз афроди боздоштшуда арзёбӣ мешавад, ки дар раванди тафтишот бегуноҳии онҳо собит гардида, раҳо мешаванд: “Вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад”.