Ҳукми ҳабси Турсунов ва ҷузъиёти фирораш аз дасти пулис
Додгоҳи ноҳияи Приволжски шаҳри Қазон рӯзи 1-уми апрел, дархости додситонӣ барои ҳабси Исфандиёр Турсунов, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро қонеъ карда, қарор намуд, ки зимни тафтишоти пешакӣ ин айбдоршаванда дар таҷовуз ба номус дар боздошт нигоҳ дошта шавад.
Турсунов, ки баъди фирораш аз дасти маъмурини пулис дар Қазон вирди забон шуд, то 28-уми майи соли равон дар зиндон хоҳад монд. Инчунин Кумитаи тафтишотии Тотористон ҷузъиёти фирори Турсуновро аз дасти маъмурини пулис зимни интиқол ба боздоштгоҳи рақами 1 шарҳ дода, афзудааст, ки “28-уми март зимни интиқол боздоштшуда аз бад шудани вазъи саломатияш шикоят мекунад. Яке аз маъмурин барои об меравад ва Турсунов изҳор медорад, ки дилаш беҳузур шудааст. Маъмури дуюм дастбандашро мекушояд, ки дар ин ҳол Турсунов ӯро бо оринҷ зада, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад”.
Турсунов Исфандиёр баъди ду рӯзи фирор 30-юми март баъди дарёфти иттилоъ дар мавриди ҷои будубошаш боздошт гардид: “Зимни боздошт, муттаҳам талош кард, ки фирор кунад ва аз ошёнаи 7-уми биное, ки дар он қарор дошт ба 5-ум фаромада, тирезаи хонаи бегонаро шикаста, дар он паноҳ бурд. Маъмурин Турсуновро дар ин хона дастгир карданд”-иттилоъ додааст Вазорати умури дохилии Тотористон.
Кумитаи тафтишотии Тотористон мегӯяд, феълан алайҳи ду маъмур, ки Турсунов аз дасти онҳо гурехтааст, аз рӯи иттиҳоми “хунукназарӣ” санҷиши хидматӣ гузаронда мешавад.