Иршод СУЛАЙМОНӢ
Дар мулоқот бо зиёиён Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як пешниҳоди бисёр хуб кард, ки мутаасифона аз баҳсу баррасиҳо дар канор монд. На расонаҳои мустақил, на расонаҳои давлатӣ, то ҳатто телевизионҳои мо ин нуктаро нодида гирифтанд. Ҳатто зиёиён ҳам ба ин пешниҳоди муносибати ҷиддие надоштанд.
Раисҷумҳур дар ин суханронӣ изҳор дошт, “ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”.
Ин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон нав нест. Аз ин пештар, дар соли 2011 зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 14-умин солгарди Ваҳдати миллӣ (26.06.2011) ҳам пешниҳод карда буд: “Дар шароити муосир таҳкиму ташаккули чунин ғоя (ваҳдати миллӣ – И.С.) на дар шакли як шиори таблиғотӣ, балки фақат дар шакли таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллӣ имконпазир аст. Таҳияи чунин ҳуҷҷати сарнавиштсоз кори саҳл нест. Аз ин рӯ, он бояд бо иштироки намояндагони соҳибназари тамоми табақаву гурӯҳҳои ҷомеа сурат гирад”.
Аз чӣ бошад, ки дар соли 2011 ҳам ин пешниҳоди раисҷумҳур танҳо дар сатҳи суханронӣ боқӣ монд ва чунин як консепсия таҳия ва пазируфта нашуд. Шояд, ки ин саҳлангорӣ дар пешниҳоди Консепсияи миллии рушд то соли 2050 ҷуброн шавад. Мантиқ ин аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба таҳия ва пазируфтани чунин як консепсия воқеан ниёз дорад. Аммо асли масъала ин аст, ки чунин як консепсия бояд идеологӣ бошад ё иқтисодӣ?
Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳодаш ба ҷанбаҳои сиёсиву идеологии ин консепсия таъкидҳо дошт, вале дар мавриди характери иқтисодии ин консепсия чизе нагуфт. Ғолибан, агар ин консепсия таҳия ҳам бишавад идеологӣ хоҳад буд, зеро раисҷумҳур дар тавзеҳи он гуфт, “дар чунин ҳолат вазифаи зиёиён аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин консепсия принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”.
Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳам мегӯяд, ин консепсия бояд як консепсияи идеологӣ бошад ва мо ниёз маҳз ба консепсияи офарандаи шуури ҷамъиятӣ дорем: “Зеро, айни замон Ҷаноби Олӣ ба вазорати мову дигар мақомот супориш доданд, ки Стратегияи миллии рушдро, ки бештар ҷанбаи иқтисоду иҷтимоъро фарогир аст, барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоем”.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз Тоҷикистон дорад ва вазъи иқтисодию сиёсие, ки дар минтақа ва олам ҳаст барномаҳои рушди миллӣ бояд бештар ҷанбаҳои иқтисодӣ дошта бошанд то идеологӣ.
Фарҳангшинос Умед Ҷайҳонӣ ҳам андеша дорад, ки тоҷикон то кунун ҳам бе ҳеч гуна идеяи миллӣ ва барномаи давлатӣ роҳи рушдашонро ёфтаанд: “Феълан он роҳи раҳоӣ аз фақр аст ва ҳар касе тавониста хориҷ аз кишвар коре пайдо кунад, зиндагияшро осуда кардааст. Аммо акнун ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта ва тоҷикон дигар дар Русия низ кор намеёбанд, маълум нест давлат чигуна роҳеро барои рушд пешниҳод хоҳад кард. Агар ҳам роҳе пешниҳод кунанд, он ҳам рӯйи коғазро сиёҳ хоҳад карду бас, зеро чун дигар идеяву барномаҳо иҷро нахоҳад шуд”.
Аммо баҳси доштани барномаи рушди миллатсозӣ ё рушди миллӣ ва ё стратегияи миллӣ, ки бештар характери идеологӣ дошта бошад дар Тоҷикистон дерест, ки доғ аст. Хеле донишмандон ва таҳлилгарон андеша доранд, ки Тоҷикистон ҳамасола дар ҳоле истиқлоли худро ҷашн мегирад, ки тайи ин муддат барномаи стратегии таъйинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдории миллиро надорад. Равоншод Суҳроб Шарипов, замони дар симмати директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон кор карданаш (соли 2011) дар як мусоҳиба бо муаллифи сатрҳо гуфта буд, ки мо зарурати шадиде барои доштани чунин барнома дорем: “Ҳарчанд пеши роҳи характери идеологӣ додани ин гуна равандҳоро Конститутсия мегирад, яъне дар он зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон набояд ҳеҷ идеология давлатӣ бошад. Аз дигар тараф: ҳам аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам фарҳангӣ мо бояд ин гуна пружаҳоро амалӣ созем. Се сол боз мо конфронсҳо дар мавриди пайдоиш ва ташаккули идеяи миллӣ, миллатсозии Тоҷикистон ва дар чӣ асос бояд миллатсозӣ кунем, мегузаронем. Ба ин масъала коршиносон ва фарҳангиён ҷалб шудаанд ва фикру андешаҳои худро ироа мекунанд. Зеро ин кори осон нест. Мо бояд ин масоилро ҷиддӣ таҳлил кунем ва пасон ба миллат пешниҳод созем, ки асосҳои сохтани миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷик ҳаминҳо ҳастанд. Бигзор дар ин маврид баҳсу мунозираҳо шавад, аммо мо бояд як доктринаи миллатсозиро ҳатман қабул кунем”.
Бояд гуфт, масъалаи қабули барномаи таъинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдорӣ, ки аз он дар ҳар шакле: консепсия, доктрина, барнома ном бурда мешавад, нав нест. Ҳанӯз аз оғози истиқлол ба ин масъала таваҷҷӯҳ буд. Раиси собиқи Дастгоҳи Президенти кишвар Султон Мирзошоев дар як сӯҳбат гуфт, ки ҳанӯз ҳамон солҳо мо донишмандонро ба муайян намудани ҳамин идея ҷалб кардем, вале пешниҳодоти онҳо ба дард нахӯрд. Аз ин ба баъд дар навиштаву пешниҳодҳои олимону донишмандон ва бештар рӯзноманигорон зарурати қабули чунин барнома таъкид шудааст. Ба таври амалӣ дар соли 2007 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент як конфронси ҷумҳуриявиро низ доир кард ва хулосаи ин конфронс нашри китоби “Масъалаҳои ташаккули идеяи миллӣ дар Тоҷикистон” гашт. Баъди ин конфронс мисле ки ин масъала аз забонҳо афтод. Аммо ҳоло акнун дар сатҳи Президент расидагӣ кардан ба ин масъала, таҳияи ин консепсия ҷиддӣ матраҳ гардид. Аммо дар миёна расонаҳо ва ҷомеаи илмиву фикрии кишвар баҳсҳоеро ба бор наовард ва мисле, ки нодида гирифта шуд.
Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки ниҳодҳои зиррабт ва ҷомеаи фарҳангиву илмии кишвар як лоиҳаи барномаи стратегӣ ё доктринаи таъйинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдории моро таҳия ва ҳукумат баъди коркардҳои ҳамаҷониба қабул кунад. Ҷомеаи фикриву фарҳангии мо дар масъалаи давлатдории миллӣ назарҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Як қисм такя мезананд ба фарҳанги тоисломӣ ва асосан ба зардуштия, қисми дигар комилан рӯйи арзишҳо ва суннатҳои исломӣ ҳисоб мекунанд ва қисми сеюм, ки зерқисми чорум низ дорад ба идеяҳои атеистиву коммунистиву секулории демократии замони муосир эътимод доранд. Дар чунин сурат калавишҳо ва чархишҳое дар амал ва рафтори давлатмардону қисми нухбагони миллӣ мушоҳида мешавад. Бо будани чунин назароти гуногун зарурат пеш омадааст, ки системаи мукаммали ин арзишҳо ва ҳувиятҳо бо дар назар гирифтани дурнамои рушд ва густариши миллат ва давлатдорӣ коркард шавад ва дар қолаби барномарезиҳои давлатӣ ворид гардад.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни як мусоҳиба ба муаллифи сатрҳо гуфта буд: “Як иллати дигар, вале ба назари мо, асосӣ дар он аст, ки мо ҳанӯз барномаи мушаххаси миллатсозӣ надорем. Барномаи ташаккули миллати ягона, миллати воҳид. Мо тоҷикон дар Тоҷикистон миллат ҳастем, аммо ҳанӯз миллати ягона, миллати воҳид нашудаем. Аз ин рӯ бояд миллатсозӣ кунем, зеро то миллати воҳиду ягона нашавем, корҳоямон дар ҳама соҳа ба дараҷаи матлуб барор нахоҳанд гирифт”.
Ба назари профессор Сатторзода мо дар сатҳи давлатӣ ё ҳукуматӣ ниёз ба танзими як барномаи стратегии миллатсозӣ дорем. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар қадар барвақттар ба танзиму татбиқи он шурӯъ намоем, ҳамон қадр бештар ба манфиати мо хоҳад буд. Ва ҳар андоза дар амалӣ гардонидани ин рисолати миллиамон дер кунем, ба ҳамон андоза хоҳем бохт.
Албатта дар ин барнома ё доктрина чӣ арзишҳое авлавият пайдо мекунанд ва ба ҳайси арзишҳо ва ҳувиятҳои мудовими миллатсозиву давлатдории мо пазируфта мешаванд, масъалаи фикри як нафар нест. Аммо бояд гуфт, ки дар таҷрибаи илмиву амали ҷаҳон то ҳол ду улгу ё модели чунин барномарезиҳо вуҷуд дорад. Яке модели англосаксонӣ (nation-state) миллат-давлат, ки инҷо ба ҳайси давлатдор миллат нақши умда ва калидӣ дорад. Дигаре модели фаронсавӣ (state- nation), ки давлат ҳамчун унсури миллатофар бартарӣ ва нақш дорад. Масъалаи муҳим ин аст, ки дар Тоҷикистон бар асоси кадоме аз ин улгуҳо давлати миллӣ эҷод мешавад ё улгуи махсуси худӣ пешниҳод мешавад.
Ба ҳар ҳол, бояд дар ин барномарезӣ аз авомили боздорандаи давлатсозии миллӣ сарфи назар кард. Яъне бояд дар худи Конститутсияи кишвар зикр шавад, ки бар асоси арзишҳои мушаххас ҳукумат (новобаста аз ҳукуматҳо, ҳам ҳукумати феълӣ ва ҳам ҳукуматҳои баъдӣ) ба сохтани давлати миллӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои олии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад, масъул аст ва дар эҷоди он тамоми шаҳрвандони кишвар, сарфи назар аз ирқу мансубияти нажодӣ ва забону хуну пӯст саҳм бигиранд.
Ин консепсияи стратегӣ ё доктринаи миллатсозӣ бояд ба аз байн бурдани миллатчигӣ ё маҳалгароии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ва динӣ дар кишвар хотима бидиҳад. То ин замон ташаккул наёфтани фазои умумимиллӣ дар кишвар ва амалан ба се минтақа: Суғд, Бадахшон ва Ҷануб (водии Ҳисор ва Хатлон) тақсим будани Тоҷикистон дар роҳи эҷоди давлати миллӣ халалҳои ҷиддӣ эҷод кардааст. Аз ҷониби дигар заъфи фазои умумимилливу фарҳангӣ, яъне диниву арзишӣ, мисли Шӯрои уламо ва рӯҳониёни харизматикии эътирофнашаванда садди дигари роҳи миллатсозиҳои мост. Аз ҷониби дигар, ҷойгоҳи дин чун як унсури ташаккулдиҳандаи миллат ва давлати миллӣ бояд мушаххас шавад.
Пазириши ин консепсия барои рушди ҷомеа ва ташаккули давлати миллӣ ва таҳкими ғояи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар сатҳи ормони миллӣ, имрӯз ғояест, ки сари он ҳеч кадом гурӯҳи сиёсӣ ва фикрӣ ихтилофи назар надорад ва дошта наметавонад. Аз ин рӯ ба таври маснуъ татбиқ кардани ғояи ваҳдати миллӣ дар бофтори ормони миллӣ бе шинохтан ва ба назар гирифтани арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худии тоҷикон кори дуруст намебошад.
Бо сипаридани 24 сол дар фазои истиқлол ва 18 сол дар фазои ваҳдат (аз қабули Созишномаи сулҳ), ҳанӯз ҳам ихтилофи ақида ва назар болои арзишҳо ва асосҳои появии фарҳангу давлати миллӣ, ҷараёни эҷоди фазои мусоиди зист ва рушди кишварро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Аз ин рӯ, шинохти дуруст аз ваҳдат, аз арзишҳои миллӣ, яъне ҳифзи он бар пояи ба эътибор гирифтани аносири ваҳдатсоз ё такмилкунандаи ваҳдат моро ба ваҳдати миллӣ наздик мекунад ва шиддати авомили таҳдидкунанда ба субот ва амнияти моро паст мегардонад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ваҳдат вуҷуд дорад, вале масъалаи муҳим на вуҷуди ваҳдат, балки осебпазир набудани ваҳдат ва суботи миллӣ аст, ки ҷомеаро ба Ваҳдати миллӣ наздик мегардонад. Аммо мушоҳида мешавад, ки ваҳдат дар Тоҷикистон мунҳасир ба шахсиятҳо мешавад ва дар доираи қудрати сиёсӣ зӯро ба зӯр ҷой карда мешавад. Идеяи ваҳдати миллӣ ва ё роҳкорҳои аз байн бурдани хатароти осебпазирии он бояд болотар аз манфиатҳои шахс, шахсиятҳо, қудрати сиёсӣ ва дигар гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ бошад, то мантиқи қабули Консепсияи миллии рушд барои то соли 2050 ҳам халалдор нагардад.