Маҳкумияти 11 узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар Суғд
Додгоҳи вилояти Суғд 10 сокини ноҳияи Спитамен ва як бошандаи Исфараро бо иттиҳоми шомил шудан ба созмони фаъолияташ мамнўи Ҳаракати Исломии Ўзбекистон, аз 1 то 17 сол равонаи зиндон кардааст.
Тавре аз ин додгоҳ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, мурофиаи додгоҳии ин гумонбарон рўзи 31-уми марти соли равон сурат гирифтааст: «Додгоҳи Суғд 10 сокини аз 22 то 27-солаи ноҳияи Спитаменро дар он айбдор донист, ки ҳанўз тирамоҳи соли гузашта, онҳо ба созмони ҲИЎ шомил гашта, сокинонро барои пайвастан ба он даъват кардаанд».
Манбаъ афзуд, ки додгоҳ 3 тан аз онҳоро ба 1 соли зиндон ва 7 тани боқимондаро аз 9 то 17 сол равонаи зиндон кардааст: «Ҳукми додгоҳ ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст». Ҳамчунин, додгоҳ як ҷавони исфарагиро низ бо ҷурми шомилшавӣ ба ҲИЎ 9 сол ҳабс кардааст, ки ў ҳанўз дар соли 2006 зимни муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурўҳи ҲИЎ пайвастааст. Ин 11 нафар ҳанўз дар моҳҳои декабри соли 2014 ва январи соли равон аз сўйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудаанд.