Интернети ройгони “МегаФон” дар “Шоми ҳаводорони реклама”-и Душанбе
“МегаФон Тоҷикистон” дар нахустин чорабинии “Шоми ҳаводорони реклама”, ки 27 март дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, мақоми оператори расмиро дошт.
Тавре аз ин ширкат хабар доданд, иштирокдорони ин чорабинӣ имкон доштанд дар баробари шиносоӣ бо навгониҳои олами таблиғ аз интернети босуръату ройгони “МегаФон” истифода намоянд: “Касе ки имкони иштирок дар ин маъракаро надошт, тавассути саҳифаи “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни он огаҳӣ пайдо кард”.
“Шоми ҳаводорони реклама” бори аввал дар Душанбе баргузор шуд ва дар он мутахассисони бахши маркетингу реклама ва ҳаводорони санъати муосир иштирок доштанд.