Раиси Агентии зиддиинҳисорӣ барои пардохти ҷаримаи 1,1 миллиардӣ шаш моҳи дигар муҳлат гирифт
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муҳлати пардохти ҷаримаи раиси пешини Агентии зиддиинҳисориро барои шаш моҳ тамдид кардааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, рӯзи 26 март аризаи даъвогии вакил Мурат Оспанов, собиқ раиси Агентии зиддиинҳисорӣ дар додгоҳ баррасӣ шуда, пардохти ҷаримаи ӯ, ки 1,1 миллард тенге муқаррар шудааст, то 6 моҳ ба таъхир афтод.
Оспанов якуми июли соли 2014 бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар барои расонидани кӯмак ва ҳифзи субъектҳои табиӣ боздошт шуд. Ба дунбол ҳамаи молу мулки ӯ мусодира шуда, аз ҳамаи мукофотҳои давлатӣ маҳрум гардид. 13 феврали соли 2015 додгоҳ ӯро ба пардохти 1,1 миллиард тенге ҷарима муваззаф кард. Ин маблағро ӯ бояд давоми як моҳ пардохт мекард. 3 март собиқ раиси Агентии зиддимонополӣ натавонист ҳукми додгоҳро ба чолиш кашад, бинобар ин розӣ шуд, то ҷаримаи давлатиро дар ҳаҷми 6 миллион доллар пардохт намояд.