Ҳабси якумрии ду тоҷик дар Дубай барои 400 грам ҳашиш
Додгоҳи ҷиноии шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуданд, барои як умур аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “ал-Халиҷ”, ин шарвандони Тоҷикистон дар интиқол ва фурӯши беш аз 400 грам маводи ҳашиш айбдор эълон шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, муттаҳамон тавассути раводиди сайёҳӣ вориди АМА гардида, баъдан тавассути маъмурини мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Дубай боздошт шудаанд.
Хабаргузорӣ дар бораи ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон чизе нагуфтааст.