(САДО) “Салавот бар Муҳаммад” дуюмин таронаи динии Фарзона дар соли 2015
Фарзонаи Хуршед, хонандаи пуровозаи попи тоҷик, ки дар моҳи январ таронаи “МашаАллаҳ”-ро сабт кард, ахиран як суруди дигари исломиро ҳам пешниҳоди ҳаводоронаш кардааст.
Ин таронаи чордақиқаӣ “Салавот бар Муҳаммад” ном дошта, дар пояи назми маъруфи Салавот иҷро шудааст. Фарзона бори аввал ин таронаро нимаи дуюми моҳи феврал дар нахустин маросими ҷоизасупории "Tamoshow Music Awards" дар шаҳри Душанбе иҷро кард.
Фарзонаи Хуршед баъди зиёрати Хонаи Худо дар охирҳои моҳи июли соли сипаришуда бо ҳиҷоб дар саҳнаҳо ҳузур пайдо мекунад. Ӯ ахиран гуфт, ба таронаҳои исломӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад ва мехоҳад монанди хонандаи саршинос Самӣ Юсуф бошад.