Мактаббачаҳо дар дуздии соати тиллоӣ айбдор мешаванд
Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се ноболиғи 14-15-сола хабар дод, ки дар дуздии соати тиллоӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 22-юми март, соати 13:00 шахсони номаълум ба таври пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 32- сола, сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо 1- адад соати тиллоӣ ба арзиши 3780 сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, баъди ин ҳодиса кормандони милитсия чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуиро оғоз карда, се нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии шаҳри Душанберо, чун гумонбар дар дуздӣ боздошт кардаанд: “Айни ҳол тафтишоти ин ҳодиса идома дорад”.