Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба амири Кувайт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувайт ӯро ба муносибати 20-умин солгарди барқароршавии равобити дипломатӣ миёни ду кишвар табрик гуфтааст.
Дар ин номаи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, “Волоҳазрат, Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳҳатии комил ва дар амри идомаи раҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аз барқарор шудани равобити дипломатӣ ва эҳёи пайвандҳои таърихии мардуми Тоҷикистону Кувайт 20 сол сипарӣ шуда, марҳалаи саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб дидани натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад: “Ин амрест, ки азми мутақобилаи моро дар роҳи ниҳодани гомҳои устувор ҷиҳати тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар тамоми самтҳо инъикос намуда, ба нафъи муштараки мо хоҳад буд”.