Боздошти мансабдори Кумитаи амният дар маркази Душанбе
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон як афсари Кумитаи амниятро дар он айбдор мекунад, ки ҳамчун шахси мансабдор пора гирифтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод лейтенанти калон, Сабурӣ Шарафзода Асадулло, ваколатдори оперативии шӯъбаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчун шахси мансабдор барои наандешидани чораҳои қонунӣ нисбати шаҳрванд “А” аз ӯ маблағи 5 ҳазор доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намуд: “Ҳангоми гузарондани чораҳои тафтишотӣ рӯзи 23-юми март дар кӯчаи Нисор Муҳаммади шаҳри Душанбе Шарафзода баъди аз шаҳрванд “А” шахсан гирифтани 2 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ мусодира шуданд”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, фаълан масъули Кумитаи амният дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки баъди ба раёсати Оҷонсии зидди фасод омадани Рустами Эмомалӣ, ки ду ҳафта қабл сурат гирифт, хабарҳо дар мавриди боздошти масъулини мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳод бештар шуданд. Аз ҷумла ахиран ду масъули воломақоми Агентии назорати зидди нашъа бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт гардиданд.
Аммо коршиносон мегӯянд, ин ҳолатҳо ҳанӯз наметавонанд далели пурзӯр шудани мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ бошанд ва чунин эҳтимолият ҳам вуҷуд дорад, ки барои намоиш додани натиҷаи кори роҳбарияти нав чанд боздошти “намоишӣ” сурат гиранд.